Чӣ исбот мекунад, ки Худо вуҷуд дорад?
Ҷавоби Китоби Муқаддас
Дар Китоби Муқаддас далелҳои боварибахше оварда шудааст, ки вуҷуд доштани Худоро исбот мекунад. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки мо бояд хизмати ӯро «оқилона» ба ҷо орем, яъне ақлу хирадамонро кор фармуда, имони худро бар далелҳо бунёд кунем (Румиён 12:1; 1 Юҳанно 5:20). Биёед якчанд далелро дида бароем, ки вуҷуд доштани Худоро исбот мекунанд.
Коиноте, ки дар он тартибу низом ва ҳаёт дида мешавад, шаҳодат медиҳад, ки Офаридгор вуҷуд дорад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Бешубҳа, ҳар хона созандае дорад, созандаи ҳама чиз бошад, Худост» (Ибриён 3:4). Ҳарчанд ин ҳақиқат одӣ аст, он бисёр одамони донишмандро боварӣ мебахшад, ки Худо вуҷуд дорад a.
Одамон одатан дар дил хоҳиш доранд, ки маънову мақсади ҳаётро бифаҳманд. Ин мисли ташнагиест, ки баъди об нӯшидан низ намешиканад. Китоби Муқаддас дар бораи чунин шахсон мегӯяд, ки онҳо «ташнаи раҳнамоии Худоянд» (Матто 5:3; Ошкорсозӣ 4:11). Ин гуна одамон мехоҳанд Худоро шиносанд ва ӯро парастиш кунанд. Ин нишон медиҳад, ки Офаридгори меҳрубон вуҷуд дорад ва ӯ мехоҳад, ки мо ин ташнагиамонро қонеъ кунем (Матто 4:4).
Пешгӯйиҳои батафсили Китоби Муқаддас асрҳо пеш навишта шудаанд ва як ба як иҷро гаштанд. То ҷузъиёти хурдтарин иҷро шудани ин пешгӯйиҳо исбот мекунад, ки инсон сарчашмаи онҳо буда наметавонад (2 Петрус 1:21).
Нависандагони Китоби Муқаддас маълумоти илмиеро доштанд, ки ба ақли ҳамзамононашон намеғунҷид. Масалан, дар замонҳои қадим бисёри одамон бовар мекарданд, ки замин бар ҳайвоне, ба монанди фил ё сангпушт, меистад. Баръакси ин ақида, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо «заминро бар ҳеҷ чиз овехтааст» (Айюб 26:7). Инчунин дар Китоби муқаддас аз давраҳои пеш гуфта шудааст, ки замин доирашакл аст (Ишаъё 40:22). Он ки нависандагони Китоби Муқаддас дар он солу замон чунин дониши дақиқ доштанд, касро ба ҳайрат меорад, барои ҳамин бисёриҳо ба хулосае меоянд, ки ин донишро ба онҳо худи Худо ошкор кардааст.
Китоби Муқаддас ба бисёр саволҳои душвор ҷавоб медиҳад, ба саволҳое, ки, агар кас ба онҳо ҷавоби қаноатбахш наёбад, дилхунук шуда, хулоса мекунад, ки Худо нест. Масалан, аз Китоби Муқаддас ба саволҳои зерин ҷавоб ёфтан мумкин аст: «Агар Худо меҳрубону тавоно бошад, чаро дунё пур аз бадист? Чаро бисёр вақт аз дин корҳои нек неву бад сар мезанад?» (Титус 1:16).
a Масалан, Алан Сандеҷ ном ситорашиносе боре дар бораи коинот чунин гуфт: «Ба назари ман, аз ҳарҷумарҷ ба вуҷуд омадани чунин тартибу низом номумкин аст. Ҳамаи ин бояд асосгузоре дошта бошад. Барои ман вуҷуд доштани Худо як муаммост. Лекин ин ягона чизест, ки пайдо шудани олами ҳастиро мефаҳмонад; мефаҳмонад, ки чӣ тавр замоне чизе вуҷуд надошту акнун дорад».