Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува
Дар бораи ҷамъомадҳои мо маълумот гиред ва ҷойи вохӯриеро, ки дар наздикии шумо мегузарад, фаҳмед.
Вохӯриҳои мо чӣ тавр мегузаранд?
Шоҳидони Яҳува дар як ҳафта ду бор барои ибодати Худо вохӯрӣ мегузаронанд (Ибриён 10:24, 25). Дар ин вохӯриҳо мо Китоби Муқаддас ва чӣ тавр дар ҳаёт истифода бурдани маслиҳатҳои онро меомӯзем ва ҳама хоҳишмандон дар онҳо иштирок карда метавонанд.
Бештари вохӯриҳои мо ба монанди муҳокимаи дарсҳои мактаб бо иштироки шунавандагон мегузаранд. Иштирок дар онҳо ихтиёрист. Вохӯриҳо бо дуо ва суруд сар ва тамом мешаванд.
Барои ба вохӯриҳои мо омадан муҳим нест, ки шумо Шоҳиди Яҳува бошед. Мо ҳамаро ба он таклиф мекунем. Даромад озод аст ва аз ҳозирон пул ҷамъ карда намешавад.