Чаро Шоҳидони Яҳува ба ҷанг намераванд?
Шоҳидони Яҳува бо сабабҳои зерин ба ҷанг намераванд:
Ба Худо итоат мекунанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки хизматгорони Худо «шамшерҳои худро ба амочҳо... табдил хоҳанд дод... ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт» (Ишаъё 2:4).
Ба Исо итоат мекунанд. Ҳазрати Исо ба Петруси расул чунин гуфта буд: ««Шамшери худро ба ҷояш мон, чунки ҳамаи онҳое, ки шамшер мекашанд, бо шамшер кушта хоҳанд шуд» (Матто 26:52). Бо ин Исо нишон дод, ки пайравони Ӯ набояд ба даст яроқ гиранд.
Мисли Исо пайравонаш ба корҳои сиёсии ҷаҳон дахолат намекунанд (Юҳанно 17:16). Инчунин онҳо ба шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ рафтан мехоҳанд, монеъ намешаванд ва бар зидди амалиёти ҳарбӣ эътироз баён намекунанд.
Одамонро дӯст медоранд. Исо ба шогирдонаш фармуда буд, ки «якдигарро дӯст доред» (Юҳанно 13:34, 35). Ба ин амр гӯш дода, онҳо бояд бародарияти умумиҷаҳониро ташкил медоданд, ки дар он ҳеҷ кас бар зидди ҳамдигар ҷанг намекунад (1 Юҳанно 3:10–12).
Ба масеҳиёни асри як пайравӣ мекунанд. Дар як энсиклопедия гуфта шудааст, ки «пайравони аввалини Масеҳ аз хизмати ҳарбӣ ва иштирок дар ҷангҳо даст мекашиданд. Ба ақидаи онҳо агар дар ҷанг иштирок кунанд, бар зидди аҳкоми Исо мебаромаданд, ки ӯ душманони худро дӯст доред гуфта буд» («The Encyclopedia of Religion and War»). Тадқиқотчии Китоби Муқаддас Петер Майнхолд, ки аз Олмон аст, фикри ба ин монандеро қайд карда буд: «Дар як вақт ҳам масеҳӣ ва ҳам аскар будан номумкин аст».
Бар манфиати ҷамъият амал мекунанд
Шоҳидони Яҳува шахсоне мебошанд, ки ба ҷамъият фоида меоранд ва ба давлат ягон хавфу хатар надоранд. Мо ба роҳбарони давлат мувофиқи гуфтаҳои зерини Китоби Муқаддас итоат мекунем:
«Бигзор ҳар кас ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор бошад» (Румиён 13:1).
«Пас, он чӣ аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чӣ аз они Худост — ба Худо» (Матто 22:21).
Бинобар ин мо ба қонунҳои давлат итоат карда андоз месупорем ва ба кӯшишҳои давлат, ки нисбати беҳбудии ҷомеа ғамхорӣ мекунад, мусоидат менамоем.