Оё «Тарҷумаи дунёи нав» аниқу дуруст аст?
Қисми аввали «Тарҷумаи дунёи нав» соли 1950 ба забони англисӣ нашр шудааст. Аз он вақт инҷониб баъзе одамон ба аниқу дуруст будани «Тарҷумаи дунёи нав» a шубҳа мекунанд, чунки баъзе ҷойҳояш аз дигар тарҷумаҳо фарқ мекунад. Сабаби фарқ кардани «Тарҷумаи дунёи нав» аз дигар тарҷумаҳо дар поён фаҳмонда шудааст.
Боэътимод. «Тарҷумаи дунёи нав» дар асоси охирон тадқиқоти олимон тарҷума карда шудааст. Баръакси тарҷумаи Китоби Муқаддаси тоҷикӣ (нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999), «Тарҷумаи дунёи нав» бар дастнависҳои қадимии боэътимод асос ёфтааст ва аниқ мебошад.
Ба матни аслӣ содиқ. Кумитаи «Тарҷумаи дунёи нав» кӯшиш кард, ки суханони илҳомбахшидаи Худоро дурусту аниқ тарҷума кунад (2 Тимотиюс 3:16). Бисёр тарҷумонони Китоби Муқаддас барои урфу одатҳои инсонӣ шуда маънои аслии онро дигар карданд. Масалан, онҳо номи Худоро бо унвонҳои Худо ва Худованд иваз карданд.
Тарҷумаи калима ба калима. Аз дигар тарҷумаҳо дида «Тарҷумаи дунёи нав» тарҷумаи хеле аниқу дақиқ аст. Тарҷумонони он танҳо вақте ки тарҷумаи калима ба калима ба маънои матни аслӣ таъсир мерасонд, аз ин гуна тарҷума даст мекашиданд. Дар дигар тарҷумаҳое, ки матни аслии Китоби Муқаддас маънидод карда шудаанд, шояд фикри одамӣ дохил шуда ва ё маълумоти муҳим партофта шуда бошад.
Фарқ байни «Тарҷумаи дунёи нав» ва тарҷумаҳои дигар
Китобҳои дохилнашуда. Дар баъзе Китобҳои Муқаддаси католикӣ ва православӣ китобҳоеро ҷой дода буданд, ки апокриф ном доштанд. Лекин ин китобҳо ба канони яҳудиён дохил намешуданд. Ба назар гирифтан лозим аст, ки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо Каломашро ба дасти яҳудиён супорида буд (Румиён 3:1, 2). Аз ин сабаб китобҳои апокрифӣ дар «Тарҷумаи дунёи нав» ва бисёр тарҷумаҳои дигар дида намешаванд.
Оятҳои дохилнашуда. Дар баъзе аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас оятҳо ва ибораҳое илова шудаанд, ки дар дастнависҳои қадимӣ вуҷуд надоранд. Барои ҳамин дар «Тарҷумаи дунёи нав» ҳам ин оятҳо ва ибораҳо навишта нашудаанд. Дар бисёре аз тарҷумаҳои имрӯзаи Китоби Муқаддас ин оятҳо ва ибораҳо дохил нашудаанд ё дохил шуда бошанд ҳам, қайд гардидааст, ки барои исботи онҳо сарчашмаҳои боэътимод вуҷуд надоранд. b
Фарқ дар интихоби ибораҳо. Баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас, ки калима ба калима тарҷума шудаанд, нофаҳмо мебошанд ё маънояшон умуман дигар аст. Масалан, суханони Исо аз Матто 5:3 чунин тарҷума шудааст: «Хушо мискинони рӯҳ» (Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999). Бисёр одамон тарҷумаи калима ба калимаи «мискинони рӯҳ»-ро намефаҳманд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки Исо бо ин суханонаш муҳим будани хоксорӣ ва камбағалиро нишон дод. Аммо ӯ чизи дигареро дар назар дошт. Исо гуфтанӣ буд, ки агар шахс мувофиқи роҳнамоии Худо амал кунад ва ба Ӯ мӯҳтоҷ буданашро тан гирад, хушбахтии ҳақиқиро ба даст меорад. Барои ҳамин суханони Исо дар «Тарҷумаи дунёи нав» аниқу дуруст ба ин тарз тарҷума шудааст: «Хушбахтанд онҳое, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд» c (Матто 5:3).
Фикри мусбии тадқиқотчиёне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд
Олим ва тарҷумони Китоби Муқаддас Эдгар Гудспид дар номае, ки 8 декабри соли 1950 навишта шуда буд, дар бораи нашри англисии «Навиштаҳои Юнонӣ — Тарҷумаи дунёи нав» фикрашро чунин баён кард: «Ман ба фаъолияти ҷаҳонии шумо шавқ дорам. Ба ман тарҷумаи табиӣ ва аниқу фаҳмои шумо маъқул аст. Маълум аст, ки ин натиҷаи меҳнату машаққати зиёд аст».
Олими донишгоҳи Чикаго, Аллен Уикгрен, гуфт, ки «Тарҷумаи дунёи нав» ба забони ҳозира мувофиқ аст ва он аз тарҷумаҳои дигар рӯбардор карда нашудааст, инчунин «ифодаҳои пурмазмуну зебо» дорад («The Interpreter’s Bible», ҷилди 1, саҳ. 99).
Мунаққиди Китоби Муқаддас, Александр Томсон, ки аз Бритониё мебошад, дар бораи нашри англисии «Навиштаҳои Юнонӣ — Тарҷумаи дунёи нав» чунин гуфтааст: «Маълум аст, ки тарҷумонони ин китоб шахсони бомаҳорат ва донишманд мебошанд. Онҳо сахт кӯшиш кардаанд, ки матни юнониро то ҳадде, ки забони англисӣ имкон медиҳад, аниқу равшан дода тавонанд» («The Differentiator», апрели соли 1952, саҳ. 52).
Ба фикри нависандае бо номи Чарлз Франсис Поттер баъзе ифодаҳои «Тарҷумаи дунёи нав» аҷоибанд, лекин ӯ мегӯяд: «Тарҷумонони номаълум аз дастнависҳои беҳтарини ибронию юнонӣ оқилона ва бомаҳорат истифода бурдаанд» («The Faiths Men Live By», саҳ. 300).
Роберт Маккой мегӯяд, ки «Тарҷумаи дунёи нав» чизҳои ба худ хос ва афзалиятҳо дорад. Ӯ баъди дида баромадани ин тарҷума ба чунин хулоса омад: «Тарҷумаи Аҳди Ҷадид нишон медиҳад, ки дар байни [Шоҳидони Яҳува] шахсоне ҳастанд, ки душвориҳои тарҷумаи Китоби Муқаддасро бомаҳорат ҳал мекунанд» («Andover Newton Quarterly», январи соли 1963, саҳ. 31).
Ҳарчанд олим Самюэл Маклейн Гилмор бо баъзе аз ибораҳое, ки дар «Тарҷумаи дунёи нав» истифода шудаанд розӣ набошад ҳам, эътироф мекунад, ки тарҷумонони ин китоб «забони юнониро хеле хуб мефаҳмиданд» («Andover Newton Quarterly», сентябри соли 1966, саҳ. 26).
Олим Томас Винтер баъд аз дида баромадани «Тарҷумаи дунёи нав» фикрҳои худро, ки қисман дар китоби «Тарҷумаи миёнсатри Навиштаҳои Муқаддаси Юнонӣ» («Kingdom Interlinear Translation of the Greek Scriptures») навишта шудаанд, чунин изҳор кардааст: «Тарҷумае, ки ин гурӯҳи номаълум кардааст, ҳозиразамон мебошад. Маълум аст, ки онҳо кӯшиш кардаанд, ки ҳама ҷойи матн аниқ тарҷума шавад» («The Classical Journal», апрел–майи соли 1974, саҳ. 376).
Соли 1989 олими яҳудӣ Бенҷамин Кедар-Копфштейн чунин гуфтааст: «Ман аз рӯи Навиштаҳои Муқаддаси ибрӣ ва тарҷумаҳои он тадқиқот мегузаронам ва дар ин тадқиқоти худ аз нашри “Тарҷумаи дунёи нав”-и англисӣ зуд-зуд истифода мебарам. Ва ҳар дафъа боварӣ ҳосил мекунам, ки ин тарҷума натиҷаи заҳмати шахсоне аст, ки содиқона кӯшиш кардаанд, то матнро нағз фаҳмида онро аниқ тарҷума кунанд».
Диншинос Джейсон Бедун баъд аз тадқиқу таҳлили нӯҳ тарҷумаи паҳншудатарини Китоби Муқаддас, ки ба забони англисӣ буданд, чунин навишт: «“Тарҷумаи дунёи нав” аз ҳама тарҷумаҳо аниқтар мебошад». Ба фикри одамон ва олимони бисёр «Тарҷумаи дунёи нав»-ро тарҷумонон аз рӯйи ақидаҳои нодурусти динии худ дигар кардаанд, аммо ин олим мегӯяд: «Ин тарҷума ба матни аслӣ наздиктар аст. Тарҷумонони он дар интихоби ибораҳо эҳтиёткор буданд. Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки «Тарҷумаи дунёи нав» мақсади нависандагони Китоби Муқаддасро расондааст» («Truth in Translation», саҳифаҳои 163, 165).
a Дар ин ҷо гап дар бораи «Тарҷумаи дунёи нав»-и англисӣ, ки то соли 2013 нашр гардидааст, меравад. «Тарҷумаи дунёи нав» ба забони тоҷикӣ аз Матто то Ваҳй аз тарҷумаи англисӣ гирифта шудааст. Аммо барои бе хато додани фикр, матни забони аслӣ низ ба назар гирифта шудааст.
b Масалан, дар Китоби Муқаддаси тоҷикӣ (тарҷумаи Стокголм, 1999) ин гуна оятҳо ва ибораҳои иловашударо дидан мумкин аст: Матто 17:21; 18:11; 23:14; Марқӯс 7:16; 9:44, 46; 11:26; 15:28; Луқо 17:36; 23:17; Юҳанно 5:3б, 4; Аъм. 8:37; 15:34; 24:7; 28:29 ва Румиён 16:24. Инчунин дар ин китоб иборае дар оятҳои 1 Юҳанно 5:7, 8 илова шудааст, ки таълимоти Сегонаро дастгирӣ мекунад. Ин ибора садҳо сол пас аз навишта шудани Китоби Муқаддас ба он илова карда шудааст.
c Сухани Исо дар китоби «Хушхабар»-и тоҷикӣ низ ба ҳамин тарз омадааст: «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд».