Чаро Шоҳидони Яҳува ба хунгузаронӣ розӣ намешаванд?
Фикру ақидаҳои нодуруст
Овоза: Шоҳидони Яҳува ба ёрии тиббӣ ва соҳаи тибб боварӣ надоранд.
Далел: Мо барои худ ва оилаамон то ҳадди имкон роҳи беҳтарини табобатро ҷустуҷӯ мекунем. Ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ мо ба духтурон муроҷиат мекунем, аз ҷумла ба ҷарроҳоне, ки роҳи беҳтарини табобати бехунро пешниҳод менамоянд. Мо дастовардҳои соҳаи тибро қадр мекунем ва аз он истифода мебарем. Усули табобати бехун, ки барои муолиҷаи беморони Шоҳидони Яҳува ба роҳ монда шуд, имрӯз дар тамоми дунё истифода бурда мешавад. Акнун беморон дар тамоми дунё метавонанд табобати бехунро интихоб намуда, аз хатари бемориҳои ба воситаи хун гузаранда, аз оқибатҳои нохуши норасоии масуният ва аз хатои духтурон худро эмин доранд.
Овоза: Шоҳидони Яҳува бовар мекунанд, ки имон бемориҳоро шифо мебахшад.
Далел: Мо боварӣ надорем, ки кас ба воситаи имон шифо ёфта метавонад.
Овоза: Табобати бехун аз ҳад қимат аст.
Далел: Нархи табобати бехун дастрас аст a.
Овоза: Ҳар сол бо сабаби рад кардани амалиёти хунгузаронӣ бисёр Шоҳидони Яҳува, аз ҷумла кӯдаконашон вафот мекунанд.
Далел: Ин даъво беасос аст. Ҷарроҳон мунтазам бе истифодаи хун амалиётҳои мураккаб ба монанди ҷарроҳии дил, ҷарроҳии шикасту банд ва ивазкунии узвҳоро мегузаронанд b. Беморон, аз он ҷумла кӯдаконе, ки бе истифодаи хун ҷарроҳӣ мешаванд, одатан вазъи саломатиашон мисли беморони бо истифодаи хун ҷарроҳишуда мебошад ё ҳатто беҳтар c. Аз ин рӯ қатъиян даъво кардани он ки агар бемор хун нагузаронад мемирад, агар гузаронад зинда мемонад, хатост.
Чаро Шоҳидони Яҳува ба хунгузаронӣ розӣ намешаванд?
Ин масъала аз тиб дида, бештар бо дину эътиқод вобастагӣ дорад. Дар Таврот ва дигар ҷойҳои Китоби Муқаддас аниқ гуфта шудааст, ки аз хун парҳез кунед (Ҳастӣ 9:4; Ибодат 17:10; Такрори Шариат 12:23; Аъмол 15:28, 29). Ҳамчунин дар назари Худо хун ба ҳаёт баробар аст (Ибодат 17:14). Хулоса, мо на танҳо барои ба Худо итоаткор буданамон аз хун парҳез мекунем, балки Ӯро чун Офаридгор эҳтиром менамоем.
Фикру ақидаҳое, ки оиди хун дигар шуданд
Як вақтҳо мутахассисони соҳаи тиб ҷарроҳии бехунро номумкин меҳисобиданд ва ҳатто онро ба худкушӣ баробар мекарданд. Аммо солҳои охир фикру ақидаи духтурон дигар шуд. Масалан, соли 2004 дар як маҷаллаи тиббӣ гуфта шуда буд: «Бисёр усулҳое, ки маҳз барои табобати беморони Шоҳидони Яҳува истифода мешавад, дар ояндаи наздик як чизи стандартӣ мегардад» d. Дар як мақолаи маҷаллаи соли 2010 чунин омадааст: «Ҷарроҳии бехун набояд танҳо барои Шоҳидони Яҳува бошад, он бояд қисми кори ҳаррӯзаи ҷарроҳон гардад» («Journal Heart, Lung and Circulation»).
Дар рӯзҳои мо ҳазорҳо духтурони ҷаҳон бо истифодаи технология ҷарроҳии мурракабро бехун мегузаронанд. Ин тарзи табобатро ҳатто дар давлатҳои тараққикардаистода истифода мебаранд ва беморони бисёре, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, онро дархост мекунанд.
a Нигаред ба «Transfusion and Apheresis Science, Volume 33, No. 3, p. 349».
b Нигаред ба Journal of Thoracic and Cardiovascular Surgery, Volume 134, No. 2, pp. 287–288; Texas Heart Institute Journal, Volume 38, No. 5, p. 563; Basics of Blood Management, p. 2; and Continuing Education in Anaesthesia, Critical Care & Pain, Volume 4, No. 2, p. 39.
c Нигаред ба Journal of Thoracic and Cardiovascular Surgery, Volume 89, No. 6, p. 918; and Heart, Lung and Circulation, Volume 19, p. 658.
d «Continuing Education in Anaesthesia, Critical Care & Pain, Volume 4, No. 2, page 39».