Чаро Шоҳидони Яҳува ёдбуди ҳазрати Исоро тавре қайд мекунанд, ки аз дигар динҳо фарқ мекунад?
Мо Шоми ёдбуди ҳазрати Исоро айнан аз рӯйи Китоби Муқаддас қайд мекунем, ки онро ҳамчунин «хӯроки шоми ҳазрат» ва ёдбуди Исо низ мегӯянд (1 Қӯринтиён 11:20). Лекин бисёр дину равияҳо ҳангоми қайд кардани ёдбуди Исо гуфтаҳои Китоби Муқаддасро ба назар намегиранд.
Барои чӣ қайд мекунем?
Мо Шоми ёдбудро қайд карда, ҳазрати Исоро ба ёд меорем ва барои қурбонии ӯ миннатдориамонро нишон медиҳем (Матто 20:28; 1 Қӯринтиён 11:24). Шоми ёдбуд маросиме нест, ки ба воситаи он гуноҳҳо бахшида мешаванд. Бо риояи расму русуми динӣ бахшиши гуноҳҳоро ба даст овардан номумкин аст. Мувофиқи таълимоти Китоби Муқаддас бахшиши гуноҳҳо танҳо ба туфайли имон овардан ба ҳазрати Исо имконпазир мегардад (Румиён 3:25; 1 Юҳанно 2:1, 2).
Дар як сол чанд бор қайд мекунем?
Исо-пайғамбар ба расулонаш амр дод, ки Шоми ёдбудро қайд кунанд, лекин ӯ аниқ нагуфт, ки чанд бор онро қайд кунанд (Луқо 22:19). Баъзеҳо фикр мекунанд, ки он бояд ҳар моҳ қайд карда шавад. Баъзеи дигар бошанд, онро ҳар ҳафта, ҳар рӯз, рӯзе чанд маротиба ё кадом вақте ки хоҳанд, қайд мекунанд. Аммо дар поён баъзе далелҳое оварда шудаанд, ки бояд ба назар гирифта шаванд.
Исо Шоми ёдбудро рӯзи Иди раҳоии яҳудиён ҷорӣ кард ва баъдтар, худи ҳамон рӯз кушта шуд (Матто 26:1, 2). Ин тасодуфӣ набуд, зеро дар Каломи Худо қурбонии ҳазрати Исо бо қурбонии барраи Иди раҳоӣ муқоиса карда шудааст (1 Қӯринтиён 5:7, 8). Иди раҳоиро бошад, соле як бор ҷашн мегирифтанд (Хуруҷ 12:1–6; Ибодат 23:5). Ба ин монанд, аввалин масеҳиён ёдбуди Масеҳро соле як маротиба қайд мекарданд ва Шоҳидони Яҳува ба намунаи онҳо, ки бар Китоби Муқаддас асос меёбад, пайравӣ мекунанд.
Рӯз ва вақт
Ҳамчунин намунае, ки Исо ҳангоми қайд кардани Шоми ёдбуд гузошт ба мо кӯмак мекунад, ки рӯз ва соати онро фаҳмем. Ӯ Шоми ёдбудро мувофиқи тақвими қадимии яҳудиён, баъди ғуруби офтоб, 14-уми нисони соли 33-юми эраи мо ҷорӣ кард (Матто 26:18–20, 26). Ба намунаи масеҳиёни асри як пайравӣ карда, мо низ Шоми ёдбудро маҳз дар ҳамин рӯз қайд мекунем a.
Гарчанде 14-уми нисони соли 33-юми эраи мо ба рӯзи ҷумъа рост омада буд, ҳар сол он метавонад ба рӯзҳои гуногуни ҳафта рост ояд. Ҳар сол барои аниқ кардани он ки 14-уми нисон ба кадом рӯзи ҳафта рост меояд, мо усулеро истифода мебарем, ки дар давраи Исо ба кор мебурданд. Тақвими ҳозираи яҳудиён бошад, фарқ мекунад b.
Нон ва шароб
Барои маросими Шоми ёдбуд Исо нони бехамиртуруш ва шароби сурхро истифода бурд, ки пас аз хӯроки Иди раҳоӣ боқӣ монда буд (Матто 26:26–28). Мо ҳам мисли Исо нони бехамиртуруш ва шароби сурхро истифода мебарем, ки ба онҳо ягон хуштаъмкунанда омехта нашудааст. Шароби сурх ин шарбати ангур нест. Ба он ҳамчунин набояд шакар ё спирт омехта карда шавад.
Дар баъзе динҳо нони хамиртурушдорро истифода мебаранд. Лекин хамиртуруш дар Китоби Муқаддас бисёр вақт рамзи гуноҳ ва фасод аст (Луқо 12:1; 1 Қӯринтиён 5:6–8; Ғалотиён 5:7–9). Барои ҳамин танҳо нони бехамиртуруш, ки ба он чизе илова нашудааст, метавонад рамзи бадани бегуноҳи ҳазрати Исо бошад (1 Петрус 2:22). Баъзе динҳои дигар ба ҷойи шароб шарбати ангурро истифода мебаранд, ки ин дар асоси Китоби Муқаддас нест. Баъзе калисоҳо зидди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ мебошанд, барои ҳамин шарбати ангурро истифода мебаранд (1 Тимотиюс 5:23).
Рамзи бадан ва хуни Исо
Нони бехамиртуруш ва шароби сурх рамзи бадан ва хуни ҳазрати Исо мебошад. Он ба таври мӯъҷиза, чуноне ки баъзеҳо гумон мекунанд, ба бадан ва хуни Исо табдил наёфтааст. Биёед баъзе оятҳои Китоби Муқаддасро дида бароем.
Агар Исо ба расулонаш амр мефармуд, ки хуни ӯро нӯшанд, пас вай онҳоро ба шикастани қонуни Худо оид ба истеъмол накардани хун тела медод (Ҳастӣ 9:4; Аъмол 15:28, 29). Лекин ин тавр шуданаш номумкин буд. Исо ҳеҷ гоҳ ба дигарон дастурот намедод, ки қонуни Худоро дар бораи муқаддас будани хун вайрон кунанд (Юҳанно 8:28, 29).
Агар расулон дар ҳақиқат хуни Исоро истеъмол мекарданд, ӯ ба онҳо намегуфт, ки хуни ман «рехта мешавад». Ин суханонаш нишон медоданд, ки он вақт Исо ҳанӯз ҷони худро қурбон накарда буд (Матто 26:28).
Қурбонии Исо «як бор ва барои ҳамеша» буд (Ибриён 9:25, 26). Агар нон ва шароб дар вақти маросими Шоми ёдбуд ба бадан ва хуни ҳазрати Исо табдил меёфт, пас касоне ки ҳар бор нону шаробро истеъмол мекунанд, гӯё такрор ба такрор Исоро ба қурбонӣ меоранд.
Исо гуфт, ки «инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред», вай нагуфт, ки «маро қурбон кунед» (1 Қӯринтиён 11:24).
Онҳое ки боварӣ доранд, ки нону шароб ба бадан ва хуни аслии ҳазрати Исо табдил ёфтааст, таълимоти худро бар баъзе тарҷумаҳои ояти Китоби Муқаддас асоснок мекунанд. Масалан, суханони Исо, ки дар бораи шароб гуфта буд, дар бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас чунин омадааст: «Ин хуни Ман аст» (Матто 26:28, Хушхабар). Инчунин ин суханони Исо боз ба таври зерин тарҷума шуда метавонистанд: «Ин рамзи хуни ман аст», «Ин шароб маънои хуни маро дорад» c. Чи хеле ки медонем, ҳазрати Исо бисёр вақт ба воситаи мисолҳо таълим медод (Матто 13:34, 35).
Кӣ аз рамзҳо қабул мекунад?
Дар маросими Шоми ёдбуд танҳо шумораи ками Шоҳидони Яҳува аз рамзҳо мечашанд. Барои чӣ?
Дар асоси хуни рехтаи ҳазрати Исо «аҳди нав» баста шуд. Он ҷойи аҳди пешинаро, ки Яҳува бо халқи қадимаи Исроил баста буд, гирифт (Ибриён 8:10–13). Бо онҳое ки аҳди нав баста шуд, аз рамзҳои Шоми ёдбуд истифода бурда метавонанд. Ин аҳд на бо ҳамаи масеҳиён, балки танҳо бо «даъватшудагон», ки аз ҷониби Худо интихоб гардидаанд, баста шудааст (Ибриён 9:15; Луқо 22:20). Онҳо дар осмон ҳамроҳи Исои Масеҳ ҳукумронӣ хоҳанд кард. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки фақат 144 000 нафар ин имтиёзро соҳиб мешаванд (Луқо 22:28–30; Ваҳй 5:9, 10; 14:1, 3).
Баръакси «рамаи хурд», ки барои бо Масеҳ ҳукмронӣ кардан даъват шудааст, аксарияти мо умед дорем, ки ба ҳисоби «мардуми сершумор» дохил шуда, ҳаёти ҷовидониро дар рӯйи замин соҳиб мешавем (Луқо 12:32; Ваҳй 7:9, 10). Касоне ки умеди заминӣ доранд, аз рамзҳо қабул накунанд ҳам, ба Шоми ёдбуд омада, ба ҳазрати Исо, ки ҷонашро барои гуноҳҳои мо қурбон кардааст, миннатдории худро нишон медиҳанд (1 Юҳанно 2:2).
a Нигаред ба The New Cambridge History of the Bible, ҷилди 1, саҳ. 841.
b Мувофиқи тақвими имрӯзаи яҳудиён моҳи нисон ҳангоми ба замин намудор гаштани Моҳи нав сар мешавад, вале дар асри як саршавии моҳи нисонро ин тавр муайян намекарданд. Дар он давра моҳи нисон ҳамон вақте сар мешуд, ки Моҳи нав дар Ерусалим аввалин бор ба чашм аён мегардид. Пас аз баромадани Моҳи нав бошад, метавонад як ё якчанд рӯз гузараду баъд он дар Ерусалим намоён шавад. Ин яке аз сабабҳоест, ки барои чӣ Шоми ёдбудро дар рӯзҳои гуногун қайд мекунанд. Яъне, яҳудиёни давраи мо иди Раҳоиро мувофиқи тақвими ҳозираи худ ҷашн мегиранд, аммо Шоҳидони Яҳува бошанд, Шоми ёдбудро аз рӯи тақвими давраи Исо қайд мекунанд.
c Нигаред ба A New Translation of the Bible, by James Moffatt; The New Testament—A Translation in the Language of the People, by Charles B. Williams; and The Original New Testament, by Hugh J. Schonfield.